Имконияти ҳайати кормандон

Имконияти кормандон ҳангоми кор бо терминал:

 

Пешхизмат

Ҳар як пешхизмат танҳо имконияти кор бо фармоишоти қабулкардаи худ дорад ва бо фармоишоти дигар пешхизматон кор карда наметавонад.

  • Ворид намудан ва сабти фармоиш (ворид намудани таомҳо бо истифода аз «тугмачаҳои фаврӣ», аз меню ё бо рамзи таом)
  • Чопи фармоишот дар асбоби чопӣ
  • Ба ошхона ё бар равона намудани маълумоти махсус (масалан «дертар тайр карда шавад» ва ғ.)
  • Илова намудани таомҳои нав ба фармоишот (до-заказ)
  • Чопи чеки меҳмон (чеки пешакӣ, ки ба меҳмон пеш аз ҳисоббаробаркунии хотимавӣ дода мешавад)

 

Хазинадор ё ҷомдор

Функсияҳои хазинадор ва ҷомдор ба ҳам монанданд, фарқият фақат дар он аст, ки ҷомдор фақат бо фармоишоти қабулкардаи худ сарукор карда метавонад, хазинадор бошад бо тамоми фармоишоти пешхизматон ва ҷомдорҳо

  • Бақайдгирии/азнавбақайдгирии пешхизматон ва ҷомдорҳо (фақат барои хазинадор)
  • Ворид кардан ва сабти фармоишот (вориди таомҳо бо «тугмачаҳои фаврӣ» ё аз меню)
  • Чопи фармоишот дар асбоби чопӣ
  • Ба ошхона ё бар равона намудани маълумоти махсус (масалан «дертар тайр карда шавад», «бе намак тайёр карда шавад, «таоми вегетарианӣ» ва ғ.)
  • Илова намудани таомҳои нав ба фармоишот (до-заказ)
  • Чопи чеки меҳмон (чеки пешакӣ, ки ба меҳмон пеш аз ҳисоббаробаркунии хотимавӣ дода мешавад)
  • Аз як пешхизмат ба пешхизмати дигар додани фармоишот, масалан агар меҳмонҳо аз бар ба зал гузаранд (фақат барои хазинадор)
  • Маҳкам намудани ҳисоби пешхизматон (фақат барои хазинадор)
  • Маҳкам намудани ҳисоби ҷомдор
  • Интихоби навъи пардохт: нақдӣ, корти пластикӣ ё пардохти ғайринақдӣ
  • Баланд ё паст кардани нарх (дар мавриди аз ҷониби менеҷер ба хазинадор чунин ваколат додан)

 

Администратор (дар мавриди чунин ваколат додани менеҷер)

  • Дида баромадани рӯйхати фармоишот ва чекҳо
  • Бекор кардани ягон таом аз фармоишот
  • Бекор кардани чекҳо
  • Назорат оиди ҳисоботи ҷорӣ ва хотимавии миқдори маблағҳои воридшуда (ҳисоботи умумӣ ё алоҳида оид ба натиҷаи кори ҳар як пешхизмат, хазинадор, ҷойи корӣ
  • Назорат оиди ҳисоботи ҷорӣ ва хотимавии миқдори таомҳои сарфшуда (ҳисоботи умумӣ ё тақсимот бо навъҳои таом)
  • Ҳисоботи махсус (ҳисобот оид ба тахфифҳо, баланс, даромади соатбайъ ва ғ.)
  • Гузаронидани таом аз як миз ба мизи дигар
  • Таъин намудани тахфиф/нархи иловагӣ
  • Манъ намудани мустақилона маҳкам кардани ҳисоб (счёт) аз ҷониби хазинадор ё ҷомдор ҳангоми истифодаи баъзан намудҳои маблағпардозӣ
  • Бекор кардани мизи холӣ (бе фармоиш)
  • Бекор кардани чеки пешакӣ
  • Маҳкам ва ҷамъбаст намудани рӯзи кории хазина (басти корӣ)

Add this to your website
 
Hosting: Ilimitada Hosting Chile VPS