Self-service ва RK Order

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

Self-Service

 

R-Keeper Self Service маҷмӯаи худхизматрасонӣ буда, барои тарабхонаҳо, барҳо, клубҳои шабона ва толорҳои VIP пешбинӣ шудааст. Мақсади маҷмӯа қабул намудани дархостҳо аз меҳмонон бе иштироки пешхизмат мебошад. Дар назди ҳар як миз экрани ҳассос (touch screen) гузошта мешавад, ки бо барномаи махсуси барои мизоҷон фаҳмо ҷиҳозонида шудааст.Ба меҳмонон таомномаи оддӣ пешниҳод карда намешавад, балки тамоми маълумотро аз экрани худхизматрасонӣ мебинанд ва метавонанд чизи дилхоҳашонро интихоб намояд.

Хусусияти дигари ин маҷмӯа дар он аст, ки нисбати таомномаи оддӣ дар он оиди таомҳо ва хизматрасониҳо маълумоти зиёдтарро ҷойгир кардан мумкин аст, масалан: шарҳи таомҳо, таркиби онҳо ва дигар намуди маълумот. Агар ба меҳмон пешхизмат лозим шавад, имконияти даъвати пешхизмат низ пешбинӣ шудааст.

 

Бартариҳои асосӣ

  • Таҷҳизот ба зарбаҳо ва рехтани моеъ тобовар мебошад.
  • Дар маҷмӯаи худхизматрасонӣ ҳамагӣ дар давоми якчанд сония номгӯи таомҳои нав ва сурати онро ҷойгир кардан мумкин аст. Аз сари нав таомнома ё нархномаи навро чоп кардан зарур нест.
  • Суръати хизматрасонӣ зиёд мешавад, зеро ки меҳмон худаш таом ва нӯшокиҳоро интихоб мекунад, пешхизмат бошад фақат онҳоро ба назди меҳмон меорад.
  • Ороиши барномаро ба осонӣ дигаргун кардан мумкин, ранг ва дизайни экран, ҳарфҳо ба дархост ва услуби тарабхона мувофиқ гардонида мешавад.
  • Маҷмӯаи худхизматрасонӣ метавонад ҳамчун манбаи паҳнкунандаи реклама истифода шавад. Дар он лаҳзаҳое, ки меҳмонон онро истифода намебаранд,  дар экран реклама, пешниҳодоти махсуси муассиса ва дигар намуд маълумотро намоиш додан мумкин аст.
  • Имконияти ҷорӣ намудани хизматрасонии иловагӣ ба монанди Интернет мавҷуд аст.

Add this to your website
 
Hosting: Ilimitada Hosting Chile VPS