Таҷҳизот

Ширкати «ЮСИЭС» (UCS) тамоми таҷҳизоти автоматикунонӣ, ки аз ҷониби истеҳсолкунандагони гуногун ба бозори ҷаҳонӣ бароварда шудааст, месанҷад. Мо ба Шумо танҳо он таҷҳизотро пешкаш мекунем, ки дар вақти истифодабарӣ боэътимод буда, бемамониат ва дурудароз кор мекунанд. Шумо аз мо метавонед таҷҳизоти гуногуни табъи дили худро харидорӣ намоед: таҷҳизоти ҳозиразамон (дастгоҳҳои  Touch  Screen, терминалҳои рӯидастии Palm PC, термопринтерҳо ва ғ.), ҳамчунин таҷҳизоти бо хизмати дурудароз ва бомуваффақият обрӯи шоиста пайдо намуда. Номгӯи васеи намуду тамғаҳои гуногуни таҷҳизот пешниҳод мегардад, ки  ҳар харидор мувофиқи нарху имконият ва талаботи муассисааш метавонад таҷҳизоти ба худ муносибро интихоб намояд.

 

Дастгоҳҳо

Барои кори муассисаи хӯроки умум ба ғайр аз барномаҳои махсус боз таҷҳизоти муносиб лозим аст. Ин дастгоҳҳо барои хазинадор, ҷомдор, пешхизмат, ки бе онҳо кори ягон тарабхона наметавонад пешрав бошад.

 

Бақайдгирандагони хазинавӣ (Фискальные регистраторы)

Барои бақайдгирии муомилоти пулии муассиса бақайдгирандагони хазинавӣ лозиманд.

 

Дастгоҳҳои чопӣ (Принтерҳо)

Тасаввур кардани кори тарабхона бе дастгоҳҳои чопӣ, ки барои чопи ҳисобномаҳои меҳмонон, ҳисоботҳо, фармоишҳои ошхона, бар ва дигар шӯъбаҳои муассиса хизмат мекунанд, ғайриимкон  аст.

 

Таҷҳизоти иловагӣ

Дар саҳифаи мазкур маълумот оиди таҷҳизоти иловагӣ, ки бо комплекси барномавӣ – таҳҷизотии R-Keeper истифода мешаванд, пешниҳод мегардад.


Add this to your website
 
Hosting: Ilimitada Hosting Chile VPS