Кинотеатр

Принсипҳои асосӣ

Барои автоматӣ намудани кори кинотеатрҳо ширкати UCS («ЮСИЭС») маҷмӯаҳои барномавӣ - таҷҳизотии UCS «Премьера»,  R-Keeper, R-Keeper StoreHouse- ро пешниҳод  мекунад.Бо истифода аз  UCS «Премьера» ҷараёни брон ва фурӯши чиптаҳо пурра зери назорат гирифта мешавад. Бо ёрии маҷмӯаи R-Keeper  кори тарабхонаҳо, қахвахонаҳо ва барҳои дохили кинотеатр автоматӣ карда мешаванд, инчунин он хизматрасониҳо, ки  арзишашон аз рӯи вақти сарфшуда ҳисоб карда мешавад (боулинг, саққозанӣ ва ғ.). Маҷмӯаи R-Keeper StoreHouse  имконияти ҳисоботи анбор ва назорати истеҳсолотро дорад. Агар дар кинотеатр автоматҳо барои бозии кӯдакон бошанд, метавонед маҷмӯаи маълумотӣ - идоракунии Game-Keeper  - ро истифода баред. Тамоми барномаҳо бо ҳам пайвастанд ва ҳамчун як маҷмӯаи яклухт фаъолият мекунанд, ки имкон медиҳад кори кинотеатр пурра автоматӣ карда шавад.

 

Автоматӣ кардани кори кинотеатр

Мо барои ҷорӣ  намудани автоматика дар кори кинотеатрҳо барномаҳои якҷоя амалкунандаи UCS «Премьера», R-Keeper, R-Keeper StoreHouse, Game-Keeper –ро пешниҳод мекунем. Ин барномаҳо дар якҷоягӣ бо маҷмӯаи шахсии депозитӣ –дисконтӣ фаъолият мекунанд.  Бо истифода аз он метавонед ба мизоҷони худ на танҳо дар хазина, балки дар ҷойҳои хӯрокхӯрии кинотеатр,  дар толори саққозанӣ, боулинг, толори бозиҳои кӯдакон бо истифодаи корти умумӣ имтиёзҳо диҳед (тахфиф ё холҳо). Инчунин барои автоматӣ кардани кори кинобарҳо, ки дар вақти намоиш хизмат мерасонанд, маҷмӯаи худхизматрасонӣ истифода бурдан корро хело осон мегардонад. Бо истифода аз он меҳмонон метавонанд бе ёрии пешхизмат бо истифода аз экрани ҳассос (Touch-Screen), ки дорои менюи хеле оммафаҳм ва содда аст, ягон нӯшокӣ ё хизматеро фармоиш кунанд.

Асоси пешниҳоди мо барои кинотеатрҳо бешубҳа, маҷмӯаи UCS «Премьера» мебошад. Мувофиқи маълумотҳои РБК  95%  чиптаҳо дар толорҳои кинотеатрҳои Москва ба воситаи ин барнома фурӯхта мешаванд. (маълумоти апрели 2006 с.). Сабаби ин муваффақиятро метавонед аз саҳифаи зерин пайдо кунед: Барномаи - UCS Премьера.

 

Иловаҳо

Инчунин барои автоматӣ кардани кори кинотеатр Шумо метавонед  комплекси посбонии интеграсияшуда, модули барномавӣ барои идораи марказии шабакаи тарабхонаҳо R-Keeper HeadOffice; барномаҳои компютерӣ, ки барои назорати кори тарабхона дар реҷаи «ON-LINE» пешбинӣ шудаанд R-Keeper Monitor ва WEB ҳисобот; маҷмӯаи ҳисоби вақти корӣ Time-Keeper ва ғайра истифода кунед, то кори Шумо осону пурсамар гардад.


Add this to your website
 
Hosting: Ilimitada Hosting Chile VPS