Системаи назорати амалиётҳои хазина

 

Системаи назорати видео дар қаҳвахона ё тарабхона одатан барои пешгирии дуздии молҳои шахсии мизоҷон, инчунин назорати умумии фаъолияти кормандон пешбинӣ шудааст.

Лекин дар шароити имрӯза танҳо системаи посбонии видео кифоя нест. Бар ивази он системаҳои нав, ки дар асоси технологияҳои ҳозиразамон фаъолият мекунанд, тартиб дода шудаанд. Яке аз чунин системаҳои нав - назорати видеои интеллектуалӣ мебошад.

Ширкати ЮСИЭС консепсияи навро дар соҳаи назорати видео – назорати таҳлилиро пешниҳод менамояд, ки имконияти назорату таҳлили оперативии амалиётҳои касса, муайян намудан ва пешгирии саривақтии сӯистеъмоли кормандон, назорати пурра бо тамоми ҷузъиёташ, ҳатто баъд аз гузашти муддати вақт ҳам дорост.

Назорати видеоии мазкур дар системаи R-Keeper ҳар як амалиёти кассаро бо сабти видео муқоиса карда, имкон медиҳад, ки толори тарабхона ва махсусан кассаро дар реҷаи “On-Line” зери назорат гирифта шавад. Дар ҳолати пайдо шудани ягон шубҳа баъди ҷамъбасти басти кории касса низ сабти видеоро такроран таҳлил кардан мумкин аст.

Системаи назорати амалиёти касса бо барномаи R-Keeper якҷоя амал карда, барои натиҷаҳои таҳлили сабти видеоро ба модули ҳисоботии барнома ҷамъ овардан хизмат мекунад. Истифодабаранда дар дохили интерфейси шиноси барнома метавонад маълумотҳои муҳимро таҳлил намояд ва ҳамзамон барои таҳлил аз сабти видео низ истифода барад.

Системаи назорати видео аз 2 қисм иборат аст: барномавӣ ва таҷҳизотӣ.

Қисми таҷҳизотӣ сабти рақамии видео ва овозро таъмин мекунад, қисми барномавӣ бошад, ҳисоботҳои амалиёти кассаи системаи информатсионии тарабхонаро бо сабти видео ба ҳам мепайвандад.

Ба сифати камераҳои назорати камераҳои интернет (IP-камераҳо), ки нисбатан нархи дастрас доранд, метавонанд истифода шаванд.

Барои таъмини сифати кори боътимод ва худмухтори система тавсия дода мешавад, ки таҷҳизоти алоҳидаи нигоҳдории маълумот истифода шавад.

Дар ҳолати умумӣ сабти видео метавонад дар манбаи дилхоҳи ба шабака пайваст нигоҳ дошта шавад.

Системаи назорати дар реҷаи “On-Line” (мустақим) имконият дорад, ки сабти маълумотҳои системавӣ (рӯйхати ҳама амалиётҳои дар касса иҷрошуда), дархостҳои ҷорӣ, чекҳои хизматрасонӣ ва ҳама ҳисобҳои пардохт шуда назорат карда шавад. Ҳамчунин барои истифодаи қулай схемаҳои гуногуни назорат вуҷуд дорад, ки дар экран дар як вақт тасвир аз якчанд камера нишон дода мешавад. Ҳисобот дар реҷаи мустақим аз 3 қисм иборат аст: монитори супориш, монитори дархостҳои ҷамъбастшуда (маҳкамшуда) ва маълумотҳои системавӣ.

Дар қисми супориши ҷорӣ ҳолати супориш дар реҷаи мустақим нишон дода мешавад, ки дар он тамоми амалиётҳои иҷрошуда, аз он ҷумла: илова ё бекор кардани дархости таом, таъин кардани гузашт ва ғайра дарҷ мегардад. Баъд аз ҷамбаст кардани супориш, ин қисм холӣ мешавад. Дар қисми дархостҳои ҷамъбастшуда дар намуди рӯйхат ҳама супоришҳои пардохтшуда бо нишони бақияи додашуда ва асъори истифодашуда нишон дода мешавад. Дар қисми маълумоти системавӣ ҳамаи амалиётҳои дар касса иҷрошуда нишон дода мешавад. Амалиёт бо дархост - кушодан, сабт, хориҷ, ва ҳамчунин амалиётҳои менеҷер – бекор кардан, кӯчондан, дидани ҳисобот ва ғайра. Истифодабаранда имкон дорад ранги қисмҳоро мувофиқи табъи худ иваз намояд.

Реҷаи “OFF-line”-и системаи назорати видео бо ҳисоботи стандартии R-Keeper якҷоя карда шудааст. Дар протоколи кассавӣ сабти видеои рӯйхати чекҳо ва чекҳои бекор кардашударо дидан мумкин аст.

Дар рӯйхати чекҳо барои ҳамаи чекҳо дидани порчаи видео ҳангоми кушодани он, таҳрир кардан, чоп ва ҷамъбасти дархост мумкин аст. Барои дидани сабти видео аз руйхати амалиётҳо номгӯи дилхоҳро интихоб кардан кифоя, то ки сабти лозима кушода шавад.

Ба воситаи Интернет аз нуқтаи дилхоҳи ҷаҳон ҳар як ҳисоботи дар системаи назоратӣ вуҷуддоштаро дидан ва таҳлил намудан мумкин аст. Тамошои сабти видео на танҳо аз компютер, балки аз телефонҳои мобилӣ, ки хусусиятҳои техникиашон чунин имконият доранд, мумкин аст.


Add this to your website
 
Hosting: Ilimitada Hosting Chile VPS