UCS Time-keeper

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

 

Маҷмӯаи UCS Time keeper барои ҳисоби автоматии вақти кории кормандони муассиса пешбинӣ шудааст ва ба воситаи он танзим ва назорати реҷаи кории кормандон иҷро карда мешавад. Яке аз хусусиятҳои хуби ин барнома он аст, ки бо маҷмӯаи  UCS R-Keeper метавонад васл шуда якҷоя кор кунад. Барномаи мазкурро истифода бурда Шумо метавонед бо кормандон таъмин будани муассисаатонро таҳлил карда доимо зери назорат дошта бошед.

 

Time Keeper имконият медиҳад, ки кори шӯъбаи кадрҳо автоматӣ карда шуда, барои ҳар як дараҷаи кормандон меъёр ва реҷаи корӣ муайян карда шуда, ҳисоботи вақти корӣ бурда шавад ва нақшаву ҳисоботҳо тайёр карда шаванд.


Add this to your website
 
Hosting: Ilimitada Hosting Chile VPS