Марказҳои дилхушии кӯдакон |
Принсипҳои асосӣ Барои ҷорӣ намудани автоматика дар марказҳо барои бозии кӯдакон ширкати UCS («ЮСИЭС») комплексҳои барномавӣ - таҷҳизотии Game-Keeper, R-Keeper ва UCS «Премьера»- ро пешниҳод мекунад. Маҷмӯаи барномавӣ –таҷҳизотии Game-Keeper барои автоматӣ намудани толори дорои автоматҳои бозӣ барои кӯдакон хизмат мекунад. Бо ёрии маҷмӯаи маълумотӣ- идоракунии R-Keeper метавонед пурра кори муссисаатонро автоматӣ кунед ва намудҳои хизматрасониро, ки вобаста ба вақт нархгузорӣ карда мешаванд (боулинг, саққозанӣ ва ғ.) ташкил намоед. Маҷмӯаи UCS «Премьера» имконият медиҳад, ки ҷараёни фурӯши чиптаҳои кинотеатр автоматӣ карда шавад. Тамоми барномаҳо байни ҳам пайвастанд ва бахшида ба ин автоматӣ намудани маркази дилхушӣ имконпазир аст.
Ҷорӣ намудани автоматика дар марказҳои дилхушии кӯдакон Мо автоматӣ намудани марказҳои дилхушии кӯдакон ё калонсолонро пешниҳод менамоем, ки дар асоси маҷмӯаҳои барномавӣ - идоракунии Game-Keeper, R-Keeper ва UCS «Премьера» ташкил карда мешаванд. Хусусияти ин маҷмӯа дар он аст, ки имконияти пардохти хаққи хизмати қаҳвахона, барҳо, тарабхонаҳо ва дигар ҷузъҳои маркази дилхушӣ (боулинг, саққозанӣ, кинотеатр ва ғ.) бо кортҳои бозӣ вуҷуд дорад. Дар ҳолати зарурӣ ба ҳисобатон дар хазинаи R-Keeper маблағ пардохт кардан мумкин аст. Инчунин кортҳои бозиро ҳамчун маблағи пардохти имтиёзнок дар R-Keeper ва UCS Премьера истифода бурдан мумкин аст. Бо чунин роҳ дар тамоми минтақаи маркази дилхушӣ пардохти ғайринақдиро ҳамчун пардохти ягонаё ҳамчун пардохти иловагӣ якҷоя бо пули нақд ҷорӣ кардан мумкин аст.
Иловаҳо Инчунин барои автоматӣ кунонидани кори маркази дилхушӣ Шумо метавонед : маҷмӯаи назорати сабтии амалиёти хазина ё комплекси посбонии интеграсияшуда, модули барномавӣ барои идораи марказии шабакаҳои тарабхонаҳо R-Keeper HeadOffice; барномаҳои компютерӣ, ки ба воситаи онҳо кори тарабхонаро дар реҷаи «ON-LINE» назорат кардан мумкин R-Keeper Monitor ва WEB ҳисобот; маҷмӯаи худхизматрасонӣ R-Keeper Self Service; маҷмӯаи ҳисоби вақти корӣ Time-Keeper ва ғайра истифода кунед, то кори Шумо осону пурсамар гардад. |