RK Order

 

 

 

 

Ширкати UCS барои осон намудани қабули фармоиш аз мизоҷон технологияи нави «Rk-Order» - ро пешниҳод менамояд. Айни замонтаҷҳизоти ҳозиразамоне истеҳсол мешаванд, ки метавонанд ҷои менюи қоғазиро иваз намоянд. Яке аз намояндаҳои беҳтарини чунинтаҷҳизот компютери (планшет) iPad-и истеҳсоли ширкати Apple мебошад. Андоза ва шакли ин компютер барои истифода ба сифати менюи электронӣ барои ворид намудани фармоишот қулай мебошад.

Ширкати UCS ба ин масъала аҳамият дода, технологияи навро дар асоси R-Keeper V7 кор карда баромад, ки ба он “Rk – Order” ном гузоштанд. Имрӯз мо барои тарабхонаҳо имконияти пешниҳоди ин технологияро дорем.

Аз планшет ва барномаи Rk-Order истифода бурда, меҳмони тарабхона метавонад мустақилона, бе ҷалби пешхизмат худаш намуди дилхоҳи таомро фармуда аз хизматрасонии босифат ва саривақт баҳравар гардад.

Ороиши меню ва шакли воридкунии фармоиш соддаю оммафаҳм буда, истифодаи он барои меҳмонон осон аст. Дар меню намудҳои гуногуни таом бо суратҳои ранга ҷой дода шудаанд. Андозаи суратҳоро калон карда тамошо кардан мумкин, то ки меҳмон оиди таомҳо тасаввурот пайдо кунад.

Кофтани таоми дилхоҳ дар менюи электронӣ нисбати варақ задани даҳҳо саҳифа менюи қогазӣ хело осонтар мебошад. Ҳамзамон меҳмон маълумоти қисман (ё пурраи) иловагиро оиди таом мегирад, аз қабили бо кадом намуди нӯшокиҳо ва хӯришҳо барои истеъмол мувофиқ будани таом.

Фармоишро худи меҳмон иҷро менамояд,ки дар натиҷа фармоиш дар система фавран сабт шуда, вақти тайер намудани он кӯтоҳ мегардад.

Бо истифодаи Rk-Order ворид намудани дигаргуниҳо ба номгӯи таом низ осон мегардад. Дар ҳолати ворид намудани дигаргунӣ ба меню, дигар онро аз сари нав чоп кардан лозим нест. Дигаргуниҳо фавран дар система аён мегарданд ва меҳмон онро зуд мебинад. Дар ҳар лаҳза нархи таом бо назардошти таҳфиф ва дигар намуди дигаргуниҳо нишон дода мешавад.

Ҳангоми истифодаи Rk-Order роҳбарияти тарабхона имконияти фаҳмидани ақидаи меҳмонон оиди хизматрасонӣ дар муассисааш дорад. Акнун меҳмон метавонад дар Rk-Order фикру ақидаашро оиди таом, хизматрасонӣ ифода кунад ва ба таоми фармудааш баҳогузорӣ намояд.

Таҳлили баҳо ва ақидаи меҳмонон ба тарабхона имконият медиҳад, ки сатҳи хизматрасониро беҳтар кунад. Кормандони тарабхонаҳо барои фаҳмидани ақидаи меҳмонон саволномаҳо тартиб дода барои ба саволҳо ҷавоб додан ба меҳмонон тақсим мекарданд. На ҳамаи меҳмонон ба саволҳо ҷавоб медоданд. Акнун бо истифода аз технологияи Rk-Order баҳогузории таом ва ифода намудани ақида оиди хизматрасонӣ ба як амали осону шавқовар табдил меёбад. Инчунин баҳо бе ягон тағирот ба система ворид карда мешавад ва пешхизматону дигар кормандон имконияти ба он дигаргунӣ ворид карданро надоранд.

Таҷҳизот, ки дар он Rk-Order насб карда мешавад, имконияти истифодаи Wi-Fi ва интернетро дорост, ки имкониятиба меҳмонон пешниҳод кардани истифодаи интернети ройгон ё пулакӣ ва бозиҳоро фароҳам меоварад.

 

 

 

Rk-Order-ро ҳамчунин барои сиёсати маркетингии тарабхона истифода бурдан мумкин аст. Бо воситаи қисмати “Эълонхо” меҳмон метавонад бо чорабиниҳою шабнишиниҳои дар пешистодаи тарабхона, нақшаи онҳо шинос шавад ва барои худ якчанд рӯз пеш мизро банд кунад.

Интихоби планшети Apple аз ҷониби мутахасисони ширкати UCS ба сифати таҷҳизот барои Rk-Order тасодуфӣ нест.Аз вақти ба фурӯш баровардани iPad зиёда аз 1 сол гузашта бошад ҳам, маҳсулоти ягон ширкати дигари рақобаткунанда аз ҷиҳати сарфаи энергия ва кори дурудароз ба он баробар шуда натавонист. Дар давоми 30 - 40 дақиқа он аз энергияи барқ захира карда, то 10 соат метавонад бемалол кор кунад.


Add this to your website
 
Hosting: Ilimitada Hosting Chile VPS