UCS Премьера

Маълумоти умумӣ

 

Маҷмӯаи касбии «Премьера» аз ҷониби ширкати «ЮСИЭС» (UCS) бунёд ёфта, имконияти назорати пурраи рафти фармоиш ва фурӯши чиптаҳо дар кинотеатрҳо, театрҳо, майдонҳои варзишӣ ва сиркҳоро дорад.Маҷмӯа комплекси умумӣ буда, аз қисмхои зерин иборат аст: терминали хазина (компютерҳо бо дастгоҳи махсус барои чопи чиптаҳо) ва компютери роҳбар, ки дар он тамоми мувофиқакунонӣ, нарху наво ва дигар нишондодҳои асосӣ муайян карда мешаванд ва ҳисобот оиди фаъолияти кинотеатр тартиб дода мешавад. Инчунин дар ҳайати маҷмӯа механизми худҷавобгӯ (автоответчик) мавҷуд аст, ки дар асоси телефони компютерӣ (платаи DIALOGIC) фаъолият намуда, оиди ҷадвали намоишҳо ва ҷойҳои холӣ маълумот медиҳад. Мувофиқи маълумоти РБК тақрибан 95% чиптаҳо дар кинотеатрҳои Москва бо истифода аз барномаи «UCS-Премьера» (маълумоти апрели соли 2006) фурӯхта мешаванд. Бо боварии том гуфтан мумкин аст, ки «UCS-Премьера» - яке аз маҷмӯаҳои машҳуртарини чиптафурушӣ дар Русия мебошад.

 

Асрори талаботи калон ба маҷмӯаи «UCS-Премьера» оддист, зеро технологияҳои мо вазифаҳои зеринро иҷро мекунанд:

  • Афзудани ҳаҷми фурӯши чиптаҳо
  • Назорати самараноки кормандон
  • Осон намудани меҳнати муҳосибон ва менеҷерони репертуарӣ

 

Оғоз мекунем аз муҳимтарин – ҷалб намудани тамошобинон ба кинотеатрҳо. Манбаҳои асосӣ маълуманд:

  • Эълонҳо, рӯзномаҳо, радио ва телевизион,
  • Ҳамкорӣ бо мактабҳо, донишгоҳҳо, дархостҳои гурӯҳӣ ва ғ.

 

Лекин бо ривоҷ ёфтани технологияҳои информатсионӣ ҳарсола шумораи истифодабарандагони Интернет ва SMS -робита меафзояд. Бо назардошти ин омилҳо аввалин шуда ширкати «UCS» дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои «Каро Фильм» ва «Формула Кино» хизматрасонии фармоиши чиптаҳо ба воситаи Интернет ва SMS–ро пешниҳод кард. Ҳамзамон ширкати «UCS» роҳи ҳалли саволи асосиро ёфт, ки соҳибони кинотеатрҳо аз он хавотир доштанд, яъне бехатарии хизматрасонӣ таъмин карда шуд, то ин ки тамошобинон имконияти сӯистеъмол надошта бошанд.

Навоварии дигари ширкати «UCS», ки фуруши чиптаҳоро афзун мегардонад – «ПРЕМЬЕРА-Киоск» мебошад, ки ба дастгоҳи банкомат монанд буда, бланкҳои ҳисоботро мефурӯшад ва метавонад дар толори бинои кинотеатр ё дар гӯшаи дурдасти шаҳр фаъолият намояд.

Маълумоти бештарро метавонед дар маҷаллаи «Кинобизнес сегодня» №113 ё аз сомонаи ширкати «UCS» www.ucs.ru дар боби «Статьи UCS-Премьера» дарёфт намоед.

 

Намудҳои хизматрасонии кинотеатрҳо

Дар шароити имрӯза кинотеатрҳо на танҳо байни худ, балки бо муассисаҳои дилхушии дигар рақобат доранд. Аз ин сабаб зарур аст, ки дар кинотеатр ҷойҳои бозӣ, қаҳвахона ва бар мавҷуд бошад. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки аз ин намуди хизматрасониҳо то 70 %-и фоидаи кинотеатрро ба даст овардан мумкин аст. Гуфтаҳои болоиро ба назар гирифта ширкати «UCS» аввалин ва ягона шуда дар Русия барномаҳоро барои идоракунии намудҳои гуногуни хизматрасонӣ бо истифода аз техникаи ҳозиразамон пешниҳод кард:

  • Кино-Бар (R-Keeper)
  • Бозиҳои кӯдакон (Game-Keeper)
  • Бильярд ва Боулинг (Brunswick)

 

Агар дар кинотеатр ин намуди хизматрасонӣ бошад, барои ҳамаи онҳо корти дисконтии ягона истифода бурдан мумкин аст, ки дар натиҷа кинотеатр ҷойи пазируфтаи тамошобинон мегардад, зеро бо истифода аз кортҳои ягона тамошобинон метавонанд мутаносибан бо маблағи дар кино– бар сарфкардаашон чиптаи киноро нисбатан бо нархи арзон гиранд.

 

Суръати хизматрасонӣ

Дар назди хазинаҳои чиптафурушӣ асосан 10-15 дақиқа пеш аз саршавии намоиш тамошобинон барои харидани чипта ҷамъ меоянд ва маҷбуранд дар навбат истанд. Ҳатто дар кинотеатрҳои начандон калони минтақавии Русия филмҳои «9 РОТА» ва «Дневной Дозор» ниҳоят серодам буданд, аммо тамошобини имрӯза намехоҳад дар навбат истад ва эҳтимоли баргашта ба хона рафтанаш вуҷуд дорад.

Вақти бештари хазинадор ҳангоми фурӯхтани чипта ба чӣ сарф мешавад? Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бештари вақт барои интихоби ҷой мувофиқи дархости тамошобин сарф мешавад. Масалан, гурӯҳи донишҷӯён иборат аз 4 нафар мехоҳанд ҳамроҳ дар ҷойҳои нисбатан арзони маркази толор нишинанд. Барои интихоби ҷойи нишаст мувофиқи ин талабот вақти зиёди хазинадор сарф мешавад. Барои осон намудани ин кор дар барномаи «UCS-Премьера» модули «Монитори тамошобин» - мавҷуд аст, ки дар болои тирезаи хазина панели плазмавӣ ё LCD монитор овехта мешавад, ки дар он маълумот оиди ҷойҳои нишасти холӣ, нархи ҷойҳои нишаст, реҷаи намоишҳо, ролики филм ва дигар маълумот намоиш дода мешаванд. Тамошобин ба назди хазина наздик шуда, саривақт мебинад, ки кадом ҷойҳои холӣ мавҷуд ҳаст ва ҷойро интихоб намуда арзиши чиптаро барои ин ҷой медонад. Дар ҳолате, ки дар кинотеатр якчанд толор мавҷуд аст ва тамошобин толори дилхоҳи худро надид, то ба назди хазинадор омаданаш ӯ ҳатман ин маълумотро мебинад, ки суръати фурӯши чиптаҳо ва хизматрасониро тез мегардонад.дули «Монитори тамошобин» дар кинотеатри бонуфузи «Романов Синема»– и шаҳри Москва васл карда шудааст.
Ҳар як ширкат, ки ба коркарди барномаҳои компютерӣ машғул аст, Шуморо бовар кунониданӣ мешавад, ки махсулоти онҳо аз ҳама беҳтарин аст ва ё онҳо барномаҳои махсус барои соҳаи фаъолияти Шумо коркард менамоянд. Рекламаи беҳтарини ширкати мо ин мизоҷони мо мебошанд. Тасодуф нест, ки аксари кинотеатрҳои Русия бо барномаю маҷмӯаҳои мо ҷиҳозонида шудаанд.


Add this to your website
 
Hosting: Ilimitada Hosting Chile VPS