Меҳмонхонаҳо |
Принсипҳои асосӣ Пешниходоти ширкати UCS («ЮСИЭС») барои ҷорӣ кардани автоматика дар меҳмонхонаҳо аз комплекҳои барномавӣ – таҷҳизотии UCS Shelter, R-Keeper, R-Keeper StoreHouse иборат мебошад. UCS Shelter имконият медиҳад, ки ҷараёни бронкунӣ, ҷойгиркунӣ ва гуселкунии меҳмонон, кор бо ҳисобҳои меҳмонон ва ғайра ба ҷо оварда шавад. Бо ёрии маҷмӯаи маълумотӣ- идоракунии R-Keeper пурра кори тарабхонаҳои меҳмонхонаро автоматӣ кардан мумкин аст. Маҷмӯаи R-Keeper StoreHouse имкон медиҳад, ки ҳисоботи анбор ва назорати истеҳсолот ба роҳ монда шавад. Ҳамаи барномаҳо бо ҳам пайвастанд, ки дар натиҷа фаъолияти меҳмонхона автоматӣ карда мешавад.
Ҷорӣ кардани автоматика дар меҳмонхона Хизматҳои аз ҷониби меҳмонхонаҳо ба меҳмонон мерасонида чунинанд:
Хамаи ин хизматрасониҳо гуногун ва мураккабанд. Барои автоматӣ кардани кори ҳар яки онҳо маҷмӯаҳои барномавӣ – таҷҳизотӣ кор карда баромада шудаанд. Мо барои Шумо пешниҳодоти беҳамто пешкаш менамоем: автоматӣ кардани кори меҳмонхона, ки дар асоси як қатор системаҳои барномавӣ - таҷҳизотии ба ҳам пайваст, ки ҳамчун як сохтори бутун кор мекунанд, тартиб дода шудааст. Ин маҷмӯа системаи ягонаи пардохтҳоро барои меҳмонон ва мизоҷон пешниҳод менамояд. Шумо метавонед якбора маблағи тамоми хизматрасониҳои шӯъбаҳои гуногуни мехмонхонаро бо назардошти тахфиф ҳисоб карда маҷмӯаи депозитӣ –дисконтии шахсӣ ба меҳмонон ҳисобнома барои пардохт пешниҳод намоед. Инчунин ҳангоми ҷорӣ намудани автоматика Шумо метавонед кори тамоми шӯъбаҳою қисмҳои мехмонхонаро назорат кунед. Дар аксарияти меҳмонхонаҳо хизматҳои иловагии вақтбайъ ба монанди боулинг, саққозанӣ, ҳаммом ва ғайра расонида мешаванд, ки ҳамаи ин дар барномаи мо ба назар гирифта шудааст. Инчунин истифодаи «технологияҳои клубӣ» мумкин аст.
Иловаҳо Инчунин барои автоматӣ намудани кори меҳмонхона Шумо метавонед : маҷмӯаи назорати сабтии амалиёти хазина ё комплекси посбонии интеграсияшуда, модули барномавӣ барои идораи марказии шабакаи тарабхонаҳо R-Keeper-HeadOffice; барномаҳои компютерӣ, ки ба воситаи онҳо кори тарабхонаро дар реҷаи «ON-LINE» назорат кардан мумкин R-Keeper Monitor ва WEB ҳисобот; маҷмӯаи худхизматрасонӣ R-Keeper Self Service; маҷмӯаи ҳисоби вақти корӣ Time-Keeper ва ғайра истифода кунед, то кори Шумо осону пурсамар гардад. |