Archimed +

Маълумоти умумӣ

Мувофиқи қарори ҳайати ҳакамони ҷаласа ва намоишгоҳи  махсусгардонидашудаи XII-уми Россия "Технологияҳои маълумотӣ дар тиб" системаи маълумотии тиббии «Archimed+» бо ҷоизаи "Беҳтарин системаи маълумотии соҳаи тандурустӣ дар соли 2011" мукофотонида шуд.

 

Маҷмӯа  бо хусусиятҳои зерини худ писанди кормандони муассисаҳои табобатӣ гаштааст:

  • Имконияти пурраи танзими тамоми шаклҳои чопии ҳисобот
  • Идоракунӣ ва омӯзиши осон
  • Имконияти истифода дар миқёсҳои гуногун: аз пункти тиббӣ то бемористон, маркази ташхис, дармонгоҳ, таваллудхона, осоишгоҳи истироҳатӣ - таботатӣ, меҳмонхона, дорухона ва анбор
  • Системаи муносиби идоракунии тарҳи истифодабарандодгон, имконияти ҳамкорӣ ва  содироту воридоти маълумот аз дигар барномаҳои вуҷуддошта
  • Имконияти такмил додан аз ҷониби кормандони табобатгоҳ ва мутахасисони беруна
  • Имконияти дастрас кардани маълумот аз махзани маълумотӣ аз ҷойҳои дурдаст (удалённый доступ)

 

Модули Регистратура

  • Автоматӣ кардани кори регистратура ва танзимгарон
  • Ташкили ҷадвали кории табибон, ҳучраҳои ташхисӣ
  • Ташкили номнависии қаблии беморон ба қабули табибон
  • Тартиби додани корти тиббии электронии беморон
  • Ташкил ва назорати ташрифи табибон ба манзили зисти беморон
  • Дастрас кардани речаи кории муассисаҳои гуногуни тиббии дар як шабака фаъолият кунанда
  • Маълумоти аналитики, ки барои ҳалли масъалаҳои дар рафти фаъолияти кормандони соҳаи тандурустӣ пайдошаванда хизмат мекунад.
  • Маслиҳатгари электронӣ, ки ба саволҳо ҷавоб дода оиди ҳуҷҷатгузорӣ  ёрӣ мерасонад. Метавонад ҳам ба кормандони пуртаҷриба ва ҳамҷчавон фоидаовар бошад.

 

Модули табиб

  • Ташкили корти тиббии электронии беморон: ташхиси касалӣ, таъиноти доруҳо ва ғ.
  • Дар асоси корти тиббии электронии беморон тайёр намудани иқтибосҳо, маълумотномаҳо ва  эпикризҳо
  • Имконияти ба корти тиббии электронии беморон илова намудани ҳуччатҳои гуногун
  • Имконияти ба бемор дар сабтҳои гуногун нусхабардорӣ намудани корти тиббии электронии шахсӣ, ки онро бемор метавонад дар компютери дилхоҳ бинад
  • Ташкили таърихи беморӣ
  • Назорати тамоми зинаҳои протсеси табобатӣ
  • Банақшагирии уабули беморон, кори табобатӣ
  • Дастрас намудани маълумотнома оиди воситаҳои табобатӣ, бо шарҳи онҳо, тарзи истифода ва номгӯй (зиёда аз 7500 номгӯй)

 

Модули оморӣ

  • Ташкили ҳисоботи гуногун: идоракунӣ, молиявӣ, омори тиббӣ, ҳисоботи молӣ. Имконияти ташкили ҳисоботҳои дилхоҳ бо истифода аз воситаи дар барнома ҷой дошта.

 

Модули Лаборатория

  • Коркарди роҳхатҳо (фармоиш оиди муоина ё таҷзияи лабораторӣ)
  • Қабул ва тамғагузории (маркировка) биоматериал (штрих-код ва ғ.)
  • Имконияти ворид ва сабт намудани натичаҳои муоина ба корти корти тиббии электронии беморон
  • Танзимкунӣ ва ҳисоб кардани меъёрҳо барои натичаҳои муоинаи  лабораторӣ

 

Модули хизматҳои пулӣ

  • Ҳисобот оиди хизматҳои тиббӣ ва ҳисоббаробаркуниҳо бо ташкилотҳои ҳамкор, муассисаҳои тиббӣ ва ширкатҳои суғуртавӣ, ташкилотҳо ва беморон
  • Назорати автоматикии хизматгузорӣ дар асоси шартнома (барномаи тиббӣ).
  • Ба қайд гирифтани маблағпардозӣ дар асъор ва намудҳои гуногун.
  • Мутобиқат бо системаи муҳосибӣ ва имконияти интиқол додани ҳуҷҷатҳо ва гузаришҳо (проводки) ба барномаи муҳосибии муассиса.
  • Барои беморон тартиб додан ҳисобномаҳо барои пардохти музди табобат
  • Ҳамкорӣ бо муассисаҳои ва ширкатҳои суғуртавӣ

Add this to your website
 
Hosting: Ilimitada Hosting Chile VPS