Саққозанӣ ва боулинг

Принсипҳои асосӣ

Ин пешниҳоди UCS («ЮСИЭС») барои автоматӣ кардани кори муассисаҳое мебошад, ки барои баъзе намуди хизматрасониашон нарх аз рӯи вақти сарфшуда муайян карда мешавад (масалан, толори саққозанӣ, боулинг, сауна, солярий). Яъне дар он ҳолат истифода мешавад, ки барои кори муассиса системаи тарификатсия лозим бошад.

Дар айни замон ин система бо ду намуд истифода мешавад:

Дар ҳайати маҷмӯаи маълумотӣ – идоракунии R-Keeper (барои муассисаҳои дилхоҳ, ки дар фаъолияташон принисипи нархгузории вақтбайъро истифода мебаранд.)

Дар намуди барномаи алоҳидаи Pooljet (барномаи махсус барои клубҳои саққозанӣ)

 

Автоматӣ кардани кори клуби саққозанӣ ё боулинг

Барои ҷорӣ кардани автоматика дар муассисаҳо, ки дар он толори саққозанӣ, боулинг  ё дигар намуди хизматрасонӣ, ки арзишаш вобаста ба вақти сарфшуда мебошад, дар маҷмӯаи R-Keeper   имконияти тарификатсия пешбинӣ шудааст. Қоидаҳои нархгузорӣ аз тарафи истифодабарандаи барнома муайян карда мешавад.  Инчунин бо ёрии R-Keeper Шумо метавонед маълумоту ҳисоботи муфассал оиди хизматрасонии вақтбайъ нархгузоришуда гиред.

Ба ғайр аз ин метавонед барои автоматӣ кардани кори толори саққозанӣ дар дастгоҳи хазина маҷмӯаи барномавӣ –таҷҳизотии PoolJet  -ро истифода баред.

Бо ёрии Pooljet метавонед бо нақшаи толор кор кунед. Pooljet инчунин бо маҷмӯаи депозитӣ –дисконтии шахсӣ якҷоя кор мекунад. Имконияти идоракунии мизҳои саққозанӣ бо истифодаи терминали рӯидастӣ дар асоси компютери киссагӣ (Pocket PC) вуҷуд дорад.

 

Иловаҳо

Инчунин барои автоматӣ кунонидани  кори толорҳои саққозанӣ ва боулинг Шумо метавонед : маҷмӯаи назорати сабтии амалиёти хазина, модули барномавӣ барои идораи марказии шабакаи тарабхонаҳо R-Keeper-HeadOffice; барномаҳои компютерӣ, ки ба воситаи онҳо кори тарабхонаро дар реҷаи «ON-LINE» назорат кардан мумкин R-Keeper Monitor ва WEB ҳисобот; маҷмӯаи худхизматрасонӣ R-Keeper Self Service; маҷмӯаи ҳисоби вақти корӣ Time-Keeper ва ғайра истифода кунед, то кори Шумо осону пурсамар гардад.

 


Add this to your website
 
Hosting: Ilimitada Hosting Chile VPS