Store house

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

 

Маҷмӯаи автоматии ҳисоботи анбор «R-Keeper Store House», ки онро ширкати UCS пешниҳод менамояд, имконияти назорати пурраи рафти идоракунии истеҳсолот дар тарабхонаҳо, қахвахонаҳо ва тарабхонаҳои худхизматрасонӣ (fast- food) дорад. Маҷмӯа махзани маълумоти худ (СУБД) SDB –ро истифода мебарад, ки он суръати кор ва маҳсулнокии маҷмӯаро афзун менамояд ва ба харидани барномаи иловагии дигар эҳтиёҷе нест.

 

Функсияҳои маҷмӯа:

  • Ба ҳисоб гирифтани ҳаракати мол (дахлу харҷ, аз ҳисоб баровардан, маҳмуасозӣ ва ғ.)
  • Нархгузории таом (ба таври автоматӣ ҳисоб кардани арзиши аслӣ)
  • Автоматӣ кардани ҷараёни аз ҳисоб баровардани хӯрокворӣ ва маҳсулоти нимтайёр дар асоси миқдори таомҳои фурӯхташуда бо назардошти маҳсулотҳои ҳамдигарро ивазкунанда
  • Инвентаризатсияи ҳамаҷониба, аз он ҷумла инвентаризатсияи масолеҳи нимтайёр
  • Ворид ва нигоҳдории маълумот оиди тамоми намуди маҳсулоти дар ҷараёни пухтупаз истифода мешуда, воҳидҳои ченак, шахсони муомилоти молиявӣ дошта, корреспондентҳо, асъор, меъёрҳои ААИ, ҳисобҳои муҳосибӣ ва ғ.

 

Истифодаи функсияҳои кофтукоби автоматикӣ, нусхабардорӣ ва ҷойивазкунӣ ҷараёни пуркунии луғат ва ҳуҷҷатхои маҷмӯаро ниҳоят осон мекунанд ва имконият медиҳанд, ки кор тез ба ҷо оварда шавад.

Методи FIFO, ки дар маҷмӯаи StoreHouse истифода мешавад, аз ҳисоби аз нав дида баромадани арзиши аслӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои мавҷудаи маҷмӯа ба ҷо оварда мешавад.

Модули махсуси барномавӣ вуҷуд дорад, ки барои интиқол додани маълумот аз барномаи StoreHouse ба «1С- муҳосибот» истифода карда мешавад.

Истифодаи технологияи «клиент – сервер» дар барномаи мо имконият медиҳад, ки бо протоколи TCP/IP ба махзани маълумоти умумӣ аз ҷойҳои дур (удалённый доступ) ворид шуда кор кунед.


Add this to your website
 
Hosting: Ilimitada Hosting Chile VPS