Мафҳумҳои асосӣ

Сохтори меню

Таомномаи тарабхона ҳамчун сохтори барои истифода муносиб ва фаҳмои зина ба зина («древовидная структура») тартиб дода шудааст.

 

Дигаргунсозандаҳо (Модификаторҳо)

Маҷмӯа имконияти ба назар гирифтани дархостҳои меҳмон дар вақти тайёр намудани таом, ба бар ва ошхона иттиқол намудани он пешбинӣ карда шудааст.

 

« Тугмачаҳои фаврӣ»

«Тугмачаҳои фаврӣ»–тугмачаҳо дар қисми ҳарфчинии дастгоҳи корӣ мебошанд, ки ба воситаи онҳо ба зудӣ номгӯи таом ба фармоишот ворид карда мешавад, ё дар ҳолатҳои лозимӣ ба экран номгӯи гурӯҳи муайяни таомҳо аён карда мешавад. Истифодаи ин тугмачаҳо ба таври назаррас вақти қабули фармоишро сарфа мекунад. Истифодабаранда имконият дорад, ки худаш мувофиқи талаботу дархосташ «Тугмачаи фаврӣ»- ро муайян кунад.

 

Чопи хизматгузорӣ «Сервис-чоп»

Маҷмӯа имконияти ба таври автоматикӣ ба шӯъбаҳои дахлдор равон намудани фармоишотро дорад. Масалан фармоиши нӯшокиҳои спиртӣ ба бар ва тайёр намудани таомҳо ба ошхона равона карда мешавад.

 

Хелҳои таом

Тамоми таомҳо мувофиқи ягон хусусиятҳои умумиашон ба хелҳо тақсим карда мешаванд. Ин имконияти иловагии таҳлили фаъолияти муассисаро бо истифода аз ҳисоботҳои фӯруши таомҳои хелҳои гуногун фароҳам меорад.

 

Намудҳои асъор

Дар маҷмӯа имконияти истифодаи миқдори дилхоҳи асъор пешбинӣ шудааст. (кортҳои пластикӣ ва ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ низ ҳамчун намуди асъор ба ҳисоб гирифта мешаванд). Ҳатман бояд ду хели асъор истифода шавад:

- асъори асосӣ, ки бо он нархи таомҳои тарабхона ифода карда мешаванд, 
- асъори миллӣ – асъори асосии давлат.

 

Намудҳои чек:

- чеки пешакӣ (пречек), 
- чиптаи ҳисобӣ (чиптаи хазинавӣ)

 

Технологияҳое, ки дар маҷмӯа истифода мешаванд:

- технологияи кор бо кортҳои магнитӣ (Card Pay System), 
- технологияи нусхаи устувор (Hard Copy)

 

Истифодаи рамзи махфӣ барои ворид шудан ба маҷмӯа

Барои ба маҷмӯа дохил шудан ҳар корманд рамзи (коди) шахсии худро дорад, ки дар корти магнитӣ ё калиди электронӣ сабт шудааст.Чунин корт ё калиди электрониро бояд ҳар як корманди тарабхона, ки бо маҷмӯаи хазинавӣ сарукор дорад, ҳатман дошта бошад.


Add this to your website
 
Hosting: Ilimitada Hosting Chile VPS