Маълумоти умумӣ

R-Keeper — комплекси барномавӣ- таҷҳизотиест, ки барои ҷорӣ кардани автоматика дар фаъолияти тарабхонаҳои шакли хизматрасониашон гуногун махсус гардонида шудааст. R-Keeper имконият медиҳад, ки ҳам дар муассисаҳои хӯроки умумии шакли худхизматрасонӣ («фаст –фуд») ва ҳам дар тарабхонаю қаҳвахонаҳо, ки дар он ба меҳмонон пешхизматҳо хизмат мерасонанд, автоматика ҷорӣ карда шавад.

R-Keeper аз якчанд модулҳо иборат мебошад ва ҳайати барнома махсус мувофиқи талаботи мизоҷ тартиб дода мешавад. Модули «Менеҷер» (қисмати ҳатмӣ) ва модулҳои «Хазина», «Бар», «Терминали пешхизмат». Терминалҳои хазина имкон доранд алоҳида кор кунанд ё дар ҳолати мавҷуд будани алоқаи байни хазинаҳо якҷоя кор кунанд.

Функсияҳои маҷмӯа:

  • ҷорӣ кардани автоматика дар ҷараёни қабул ва сабти фармоиши мизоҷон
  • ба таври автоматӣ аз компютери менеҷер ба таомнома интиқол додани тамоми тағйирот дар реҷаи «on-line»
  • ба таври автоматӣ ба ошхона, бар ва дигар шӯъбаҳои дахлдор интиқол додани фармоишот
  • назорати боқимондаи намудҳои таом («стоп-лист»)
  • назорати вазъияти толори тарабхона, қаҳвахона ва дигар иншоот
  • тайёр намудани маълумоти таҳлилии оморӣ оиди фаъолияти муассиса дар шакли ҳисоботҳои муқаррарӣ ва ғайримуқаррарӣ дар асоси «OLAP-технология»

Технология ва алгоритмҳои ҳозиразамоне, ки дар R-Keeper истифода мешаванд, ба соҳиби муассиса имконият медиҳанд, ки аз болои кори пешхизматон, ошпазон, ҷомдорҳо ва дигар кормандон назорат бурда ба сӯистифода роҳ надиҳад. Кори ҷомдор ва пешхизматон осон мешавад ва ба мизоҷон саривақт хизмат расонида мешавад.

Инчунин дар асоси R-Keeper маҷмӯаи автоматикунонии аквапаркҳо тартиб дода шудааст.

Навор дар бораи R-Keeper 7.


Add this to your website
 
Hosting: Ilimitada Hosting Chile VPS