Система барои тарабхонаҳои бо бурдарасонии хуроки тайер машгул UCS DELIVERY - Ҳамчунин қисми системаи идоракунии тарабхона кор мекунад - Барои автоматонии бурдарасони пешбинӣ карда шудааст - Имконияти қабули дархост ба воситаи телефон ва назорати рафти иҷро аз қабули дархост то супоридани таом ба мизоҷ - Дар ширкатҳои бузургтарини Руссия ва хориҷа,ки ба хизматрасонии бурда расонӣ машгуланд, истифода бурда мешавад
Дар шароити имрӯза хизматрасонии бурдарасонии таоми тайёр торафт машҳур мегардад. Аз ин сабаб талабот ба систамаи автоматии бурдарасонии таом, ки имконияти ба воситаи телефон қабул кардани дархост ва назорати иҷрои дархост аз лаҳзаи қабули дархост то супоридани таом ба мизоҷ имкон медиҳад, зиёд аст. Ширкати UCS барномаи Delivery пешниҳод мекунад, ки махсус барои чунин намуди хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст. Барномаи Delivery қисми ҷудонашавандаи системаи R-Keeper мебошад ва аз модулҳои зерин иборат аст:
Модули Менеҷер Маълумотномаҳои асосӣ, ки дар барномаи Delivery истифода мешаванд, дар барномаи R-Keeper тартиб дода мешавад (меню, рӯйхати кормандон ва ғайра). Ҳама ҳисоботи таомҳои фурухташуда ба ҳисоботи R-Keeper ворид мешавад.
Модули Оператор Вазифаи оператор зуд қабул намудани дархост ба воситаи телефон ва супурдан барои иҷро кардан ба модули диспетчер. Системаи Delivery ин масъаларо ҳал мекунад. Бори аввал ҳангоми қабули дархост маълумоти муфассал одиди мизоҷ ба система ворид мешавад (бо хоҳиши мизоҷ ӯ метавонад беисм монад). Дар оянда ин маълумотҳо барои ҷустуҷӯи тези маълумоти мизоҷ ва ташкили ҳисобот ва маълумоти оморӣ ва таҳлилӣ истифода хоҳанд шуд. Барои ҷустуҷӯи зуди мизоҷ истифода бурдани муайянкунандаи рақам мумкин аст. Имконияти ташкили “рӯйхати сиёҳ” барои мизоҷон вуҷуд дорад,ки барои қабул накардани зангҳо аз ин мизоҷон, хизмат мекунад. Оператор вақти хоҳишшудаи бурдарасонии дархостро бояд ворид кунад. Система худаш вақти оғози пухтани таомро бо назардошти вақти барои роҳ ва пухтани таом сарфшаванда муайян менамояд (ин маълумотро ба таври автоматӣ ё дастӣ низ ворид намудан мумкин аст). Барои муайян намудани роҳи кӯтоҳтарин то мизоҷ истифодаи бурдани харитаи интерактивии GoogleMap низ мумкин аст. Дар система имконияти ба таври автоматӣ музди хизмати бурда расонданро ба ҳисоб илова кардан, инчунин вобаста вақти шабонарӯзи автоматӣ тағйир додани музди хизмат пешбинӣ карда шудааст. Имконияти ба ташкили тахфиф ва тӯҳфаҳо (бонусҳо) барои мизоҷони доимӣ системаро барои мизоҷон боз ҳам ҷолиб мегардонад. Дар Delivery имконияти қабули намудҳои гуногуни пардохт мавҷуд аст. Барнома имкон медиҳад, ки дархостҳо ба воситаи интернет қабул карда шаванд.
Модули диспетчер Дар ин модул назорати иҷроиши дархост таъмин мегардад. Дархости қабулшуда ба модули диспетчер ворид шуда дар ҳолати “интизорӣ” сабт мегардад. Инчунин имконияти бо овоз огоҳ кардан оиди воридшавии дархости нав вуҷуд дорад. Дархост то вақти ба таври автоматӣ ё бо иштироки диспетчер ба ҳолати “Истеҳсол” гузаронидан дар ҳолати “интизорӣ” меистад. Вақтен, ки дархост ба ҳолати “Истеҳсол” гузаронида мешавад, ба таври автоматӣ аз дастгоҳи чопии ошхона ё шӯъбаи дахлдор чиптаи хизматрасонӣ чоп мешавад, ки мувофиқи он ошпаз ба тайёр намудани дархост шурӯъ мекунад. Агар дар ошхона таҷҳизоти KDS (дисплей барои ошпаз) истифода шавад, дархост дар он намудор мегардад. Интерфейси қулай имкон медиҳад,ки дархостҳои тайёр то бурда расондан зери назорат бошанд. Барои бурда расонидани дархост диспетчер экспедиторро таъин намояд ва агар чунин зарурат бошад, борхат чоп намояд. Борхатро дар дастгоҳи чопии оддӣ ё дар дастгоҳи чопии махсус ба қогазҳои лӯлапеч чоп намудан мумкин аст. Агар дар вақти таъиншуда дархост иҷро карда нашавад, система метавонад ба диспетчер хотиррасон намояд. Бо истифодаи дастгоҳи чопии махсус дар тамға- қоғаз (этикетка) бо маълумоти лозима оиди дархост чоп карда шавад. Таъини экспедитор, чопи борхатҳо, қайдт вақти омадани экспедитор, қайди иҷроиши дархост, қайди бекор кардани дархост аз ҷониби мизоҷ вазифаҳои асосии диспетчер мебошанд. Модули экспедитор Модули мазкур барои осон намудани тақсимоти дархостҳо байни экспедиторҳо хизмат мекунад.Ин модул ба экспедиторон имкон медиҳад, ки мустақилона, бе иштироки дсипетчер дархости лозимро интихоб карда борхатро чоп намоянд. Барои ворид шудан ба система ҳар экспедитор аз корти магнитии шахсӣ истифода мебарад.
Ҳисобот Дар система тамоми ҳисоботи лозима, ки ба роҳбарият барои назорат ва ба нақшагирии фаъолияти корхона ва шӯъбаи бурдарасонӣ маълумот медиҳанд, пешбинӣ карда шудаанд. - Ҳисобот ииди фуруши дар асоси дархостҳо - Ҳисоботи умумии оиди фаъолияти экспедиторҳо - Ҳисоботи вақти экспедиторҳо - Маблағи дархости мизоҷон - Ҳисоботи умумӣ оиди кори операторон - Хисоботи вақти кории экспедиторҳо - Фаъолияти якрӯза - Ҳисоботи минтақаҳои хизматрасонӣ - Ҳисоботи алоҳидаи тарабхонаҳо - Ҳисоботи шӯъбаҳои алоҳида Call Centre Дар шабакаи корхонаҳои ба чунин хизматрасонӣ машғул барои ташкили фаъолияти пурсамар оиди қабуди фармоишот Call Centre истифода мешавад. Дар ин ҳолат тамоми ноҳияи хизматрасонии корхона ба минтақаҳо тақсим карда мешавад. Ба ҳар як корхона минтақаи хизматрасонӣ вобаста карда мешавад. Система автоматӣ истеҳсолоти ба мизоҷ наздиктаринро муайян карда дархостро ба он равон мекунад. Дар ин ҳолат қабули дархостҳо дар корхонаи марказӣ сурат мегирад, ки оператор ҳуччати махсусро пур карда ба корхонаи ба макони зисти мизоҷ наздиктарин равон мекунад. Дар истеҳсолот диспетчер аз лаҳзаи қабули дархост то лаҳзаи ба мизоҷ бурда расондани он назорат мебарад. Тамоми маълумот оиди дархостҳо ба корхонаи марказӣ равон карда мешавад.
|