Бистро

Муассисаҳои худхизматрасонӣ («fast-food»)

 

Принсипҳои асосӣ

Пешниҳодоти UCS («ЮСИЭС») барои автоматӣ кардани кори муассисаҳои хӯроки умумӣ дар асоси маҷмӯаи маълумотӣ – идоракунии R-Keeper, маҷмӯаи ҳисоботи анбор StoreHouse ва модулҳои барномавии иловашаванда ташкил карда мешавад.

Бо истифода аз маҷмӯаи барномавӣ - таҷҳизотии R-Keeper ҷойҳои кории автоматӣ (ҶКА) барои хазинадорҳо, пешхизматон, ҷомдорҳо, маъмурият ва менеҷерҳо ташкил карда мешавад.

Маҷмӯаи R-Keeper барои зиёд кардани ҳосилнокӣ ва самаранокии кори ҳайати кормандон, зиёд намудани суръат ва сифати хизматрасонии меҳмонон пешбинӣ шудааст. Аз нуқтаи назари ташкили ҷараёни протсесҳои соҳибкорӣ, маҷмӯаи барномавӣ – таҷҳизотии R-Keeper маҷмӯаи «фронт-офис» - и (Front-office) автоматӣ кардани муасисаҳои хӯроки умум мебошад.

Таркиби асосии «бэк-офис»-и (Back-office) маҷмӯаи автоматӣ кардани муассисаҳои хӯроки умум StoreHouse мебошад. Модули мазкур имконият медиҳад, ки ҳаракати масолех ва молҳо аз лаҳзаи ба муассиса ворид шудан то сарфшавиашон назорат карда дар асоси он ҳисобот тайёр карда шавад. Бо ёрии StoreHouse ҷараёни идоракунии истеҳсолот пурра таҳти назорат гирифта мешавад.

 

Дар асоси маҷмӯаи StoreHouse ҷойҳои кории автоматӣ (ҶКА) барои муҳосибон, муҳосибон – нархгузорон, мудирони истеҳсолот, анборбонҳо, кормандони анбор ташкил карда мешавад. Модулҳои барномавии иловагӣ барои ҳалли вазифаҳои назорати вақти корӣ, дастрасии маҳсулоти тайёр ва ғайра пешбинӣ шудаанд. Масалан, барои таъмини назорат аз болои кормандон метавонед дар муассисаатон маҷмӯаи назорати сабтии видеоро истифода баред.

 

Автоматӣ кардани кори муассисаҳои худхизматрасонӣ (fast-food)

Агар тарабхонаи Шумо дар асоси нуқтаи назари «фаст – фуд» фаъолият намояд, Шумо метавонед фақат ҷойҳои кории хазинадор ва менеҷерро автоматӣ кунонед. Барои ин маҷмӯа таҷҳизоти камтарин: як дастгоҳи хазинадор, қайдкунандаи хазинавӣ, компютер ва барномаҳои компютерӣ барои таъмини кори хазинадор ва менеҷер лозиманд.

Инчунин дар истеҳсолот Шумо метавонед принтерҳоро барои чопи сервис - чекҳо истифода баред, ки ба воситаи он кормандони ошхона маълумот мегиранд, ки кадом намуди таомҳо дархост шудаанд.

Дар чунин ҳолат мизоҷон қад – қади «хатти тақсимот» (пештахта) гузашта, таомҳои дилхоҳашонро гирифта ба рӯи лаълӣ мемонанд ва ба назди хазина барои пардохт меоянд. Хазинадор номгӯй ва миқдори таомҳои дар рӯи лаълӣ истодаро ба маҷмӯа ворид карда сабт мекунад. Барномаи компютерӣ маблағро ҳисоб мекунад  (реҷаи «чеки зуд»). Дар хазина чеки хазинавӣ чоп мешавад, ки тамоми маълумотҳои заруриро оиди фармоиш дорад. Баъди сабти фармоиш ва пардохти маблағ қисми таомҳо, ки бояд алоҳида тайёр карда шаванд, метавонанд дар принтерҳои дурдасти дар шӯъбаҳои истеҳсолот ҷойгиршуда чоп шаванд. Одатан, дар охири рӯзи корӣ дар хазина ҳисоботи ҷамъбастӣ чоп карда, рӯзи кории хазина қатъ карда мешавад.  Ба ғайр аз сервис –принтерҳо дар истеҳсолот иловагӣ видео – дисплейҳо (маҷмӯаи KDS), барои нишон додани фармоишот ҷойгир кардан мумкин аст, ки кори кормандони истеҳсолотро осон мегардонанд.

Агар арзиши таом аз вазнаш вобаста бошад, (салат, яхмос), истифодаи маҷмӯаи зерин қулай  мебошад: харидор таомро ба буфетчӣ фармоиш медиҳад. Ба терминалҳои ҷойҳои кории онҳо тарозу пайваст карда шудааст. Коргари якум фармоишро қайд мекунад, миқдори лозимии маҳсулотро бо тарозу чен карда ба харидор медиҳад. Фармоиш дар маҷмӯа бо рамзи махсус қайд карда мешавад, ки мувофиқи он дар маҷмӯа маълумотҳо оиди номгӯй, нарх ва дигар маълумотҳои лозимӣ сабт шудаанд. Дигар кормандон дар ҳолатҳои лозимӣ  ба фармоиш иловаҳо ворид месозанд ва дар охир касир онро ҳисоб мекунад. Ин тарзи ташкили кор суръати хизматросониро тезонида, вақти дар навбат истодани харидоронро якчанд маротиба кам мекунад.

 

Иловаҳо

Инчунин барои автоматӣ кардани кори тарабхона ё қахвахона Шумо метавонед  аз модул барои идораи марказии шабакаи тарабхонаҳо R-Keeper-HeadOffice; барномаи компютерӣ барои муассисаҳои ба дастрасии маҳсулоти тайёр ба мизоҷон машғул (доставка) Delivery; барномаҳои компютерӣ, ки ба воситаи онҳо кори тарабхонаро дар реҷаи «ON-LINE» назорат кардан мумкин R-Keeper Monitor ва WEB ҳисобот; маҷмӯаи худхизматрасонӣ R-Keeper Self Service; маҷмӯаи ҳисоби вақти корӣ Time-Keeper ва ғайра истифода кунед, то кори Шумо осону пурсамар гардад.


Add this to your website
 
Hosting: Ilimitada Hosting Chile VPS