R-Keeper HeadOffice |
Ҳар як соҳиби тарабхона орзуи васеъ кардани фаъолияти худ ва ташкил намудани шабакаи тарабхонаҳоро дорад.
Барои ин мо модули барномавии R-Keeper Head Office-ро пешниҳод менамоем, ки имконияти идора ва назорат кардани фаъолияти шабакаи тарабхонаву каҳвахонаҳоро дорост. Ба воситаи он Шумо метавонед дар ҳуҷраи кории худ нишаста, кори тамоми муассисаҳои дурдасти дохили шабакаро, ки дар минтақаҳои гуногун ҷойгиранд, назорат ва роҳбарӣ намоед.
Дар ин маврид дар ҳар як тарабхона ҳисобот ва таҳлили савдо бурда мешавад, лекин таомномаро танҳо дар идораи марказӣ тартиб додан мумкин аст. Он метавонад махсус барои ҳар як тарабхона тартиб дода шавад ё барои тамоми тарабхонаҳои шабака умумӣ бошад. Дар идораи марказӣ менеҷер, роҳбар, соҳиби тарабхона ё дигар шахси мутасаддӣ метавонад фаъолияти тамоми муассисаҳои дохили шабакаро таҳлил ва назорат кунад (маблағи савдо, ҳаракати молҳо байни шӯъбаҳо ва ғ.). Имконияти тартиб додани ҳисоботҳо оиди фаъолияти ҳар як тарабхона ё ҳисоботи умумии шабакави мавҷуд аст. |