«R-keeper» ва «Интеллект»

КОМПЛЕКСИ ПОСБОНӢ

 

Таъминоти барномавии «Интеллект» маҳсули ширкати ITV буда, барои нигоҳдорӣ, идоракунӣ ва назорати маҷмӯаи бехатарӣ ва таъминоти фаъолияти объекти посбонишаванда хизмат мекунад. Маҷмӯаи «Интеллект» кори тамоми маҷмӯаҳои назорати бехатарииобъектҳоро новобаста аз мураккабиашон  ба ҳам муттаҳид сохта, маҷмӯаҳои назорати сабтии видео, назорати воридшавӣ, посбонию зиддисӯхтор, огоҳкунӣ ва ғайра ҳамчун як маҷмӯаи яклухт фаъолият менамоянд. «Интеллект» тамоми зермаҷмӯаҳоро мантиқан муттаҳид сохта, имкониятҳои функсионалӣ ва танзимии тамоми маҷмӯаро якчанд маротиба зиёд менамояд.

Дар маҷмӯаи бехатарӣ аксарияти таҷҳизоти бехатарии тамғаҳои гуногунро истифода бурдан мумкин аст. Дар маҷмӯаи «Интеллект» тамоми таҷҳизотҳои гуногунтамға бо осонӣ васл мешаванд ва имконияти илова кардани таҷҳизоти нав ва васеъ кардани минтақаи назоратӣ бо сарфи маблағи начандон зиёд вуҷуд дорад. Сохтори «Интеллект» дар як вақт имконияти идораи тамоми таҷҳизоти насбшударо дошта, иҷрои тамоми функсияҳоро новобаста аз намуди таҷҳизот, истеҳсолкунандаи он, ҷойгиршавӣ, сифатҳои техникии он ва топологияи маҷмӯаи бехатарӣ таъмин меенамояд.

 

Таъиноти маҷмӯа

Бунёди маҷмӯаҳои бехатарии комплексии соҳаҳои гуногун, аз он  ҷумла тақсимшуда ва мутамарказ.

 

Имкониятҳои асосӣ

  • Маҷмӯаҳои назорати сабтии видео бо детекторҳои ҳаракат ва архиви рақамии дарозмуддат
  • Аудиозерсистема
  • Телеметрия ва функсияҳои васеи шабакавӣ
  • Маҷмӯаи назоратӣ воридшавии кормандон
  • Сигнализатсияи посбонӣ ва зиддисӯхтор
  • Воситаҳои боқуввати танзимкунӣ
  • Бо видео назорат намудани амалиётҳои хазина
  • Шинохтани рақамҳои автомобилӣ
  • Шинохтани чеҳра ва нафарон
  • Назорати сабтии видео ба воситаи компютери киссагӣ
  • Якҷоя кор кардан бо IP-камераҳо
  • Комплекти SDK- и истеҳсолкунанда бо мисолу намунаҳо

 

Хусусиятҳои хос

  • Хусусиятҳои асосии фарқкунандаи маҷмӯаи мазкур нисбати маҷмӯаҳои монанд  ин кори устувори маҷмӯа дар ҳолати бунёди шабакаи дорои идоракунии марказӣ мебошад
  • Самаранокии баланд, ки дар натиҷаи истифодаи алгоритмҳои математикии оптималии коркарди маълумоти ҷараёни сабт ва овоз, инчунин таҷҳизоти ҳозиразамон ба даст меояд
  • Кори мӯътадил бо таҷҳизоти посбонии дилхоҳ ва маҷмӯаҳои компютерии дигар
  • Интерфейси қулай барои кор, идоракунӣ ва танзимкунӣ, ки дар натичаи таҷрибаи садҳо насбкуниҳо дар объектҳои гуногун коркард карда шудааст
  • Модулнокӣ — истеъмолкунанда барои худаш танҳо маҳсулоти заруриро интихоб менамояд
  • Интерфейси маҷмӯа бо назардошти дарки олам аз ҷониби инсон тартиб дода шудааст. Дар он менюҳои соддаю оммафаҳми корӣ  тартиб дода шудаанд, ки аз истифодабаранда дониш ва омӯзиши зиёдро талаб намекунанд.

Add this to your website
 
Hosting: Ilimitada Hosting Chile VPS