Дастрасии маҳсулоти тайёр ба мизоҷон |
Принсипҳои асосӣ Барои автоматӣ кардани кори муассисаҳое, ки ба дастрасии маҳсулоти тайёр ба мизоҷон машғуланд, ширкати UCS («ЮСИЭС») маҷмӯаи таҷҳизотӣ -барномавии Delivery- ро пешниҳод мекунад. Он имконият медиҳад, ки хизмати шӯъбаи дастрасии маҳсулоти тайёр автоматӣ кунонида шуда, ҷараёни дастрасии маҳсулот аз лаҳзаи қабули фармоишот ба воситаи телефон то ба мизоҷ бурда расонидани таом назорат карда шавад. Delivery қисми ҷудонашавандаи маҷмӯаи маълумотӣ-идоракунии R-Keeper мебошад.
Автоматӣ кардани хизмати дастрасии маҳсулоти тайёр Барои автоматӣ кардани кори шӯъбаи дастрасии маҳсулот Шумо метавонед, ки комплекси барномавӣ- таҷҳизотии иборат аз маҷмӯаи маълумотӣ- идоракунии R-Keeper ва модули барномавии Delivery-ро истифода баред. Дар натиҷа кори танзимгарон, менеҷерҳо, диспетчерҳо ва экспедиторҳо автоматӣ кунонида мешавад. Дар ин ҳолат қабули фармоишот ҳам ба воситаи телефон ва ҳам ба воситаи интернет имконпазир аст. Дар ҳолати мавҷуд будани таҷҳизот барои муайян кардани рақами телефон ва дар сабти маҷмӯа будани рақами шахси занг зада, имконияти ба таври автоматӣ муайян кардани шахсияти мизоҷ мавҷуд аст, ки маълумотро оиди ӯ ба система дубора ворид кардан зарур нест, ва вақтро барои ворид намудану сабти фармоишот сарфа мекунад.
Иловаҳо Инчунин барои автоматӣ кунонидани хизмати дастрасии маҳсулот Шумо метавонед: аз маҷмӯаи назорати сабтии амалиёти хазина, маҷмӯаи депозитӣ –дисконтии шахсӣ, модули барномавӣ барои идораи марказии шабакаи тарабхонаҳо R-Keeper-HeadOffice; барномаҳои компютерӣ, ки ба воситаи онҳо кори тарабхонаро дар реҷаи «ON-LINE» назорат кардан мумкин R-Keeper Monitor ва WEB ҳисобот; маҷмӯаи худхизматрасонӣ R-Keeper Self Service; маҷмӯаи ҳисоби вақти корӣ Time-Keeper ва ғайра истифода кунед, то кори Шумо осону пурсамар гардад. |