Тарабхона, қаҳвахона

 

Принсипҳои асосӣ

Пешниҳодоти UCS («ЮСИЭС») барои автоматӣ кардани кори муассисаҳои хӯроки умумӣ дар асоси маҷмӯаи маълумотӣ – идоракунии R-Keeper, маҷмӯаи ҳисоботи анбор StoreHouse ва модулҳои барномавии иловашаванда ташкил карда мешавад.

Бо истифода аз маҷмӯаи барномавӣ - таҷҳизотии R-Keeper ҷойҳои кории автоматӣ (ҶКА) барои хазинадорҳо, пешхизматон, ҷомдорҳо, маъмурият ва менеҷерҳо ташкил карда мешавад.

Маҷмӯаи R-Keeper барои зиёд кардани ҳосилнокӣ ва самаранокии кори ҳайати кормандон, зиёд намудани суръат ва сифати хизматрасонии меҳмонон пешбинӣ шудааст. Аз нуқтаи назари ташкили ҷараёни фаъолияти соҳибкорӣ, маҷмӯаи барномавӣ – таҷҳизотии R-Keeper маҷмӯаи «фронт-офис» - и (Front-office) автоматӣ кардани кори муасисаҳои хӯроки умум мебошад.

Таркиби асосии «бэк-офис»-и (Back-office) маҷмӯаи автоматӣ кардани кори муасисаҳои хӯроки умум StoreHouse мебошад. Модули мазкур имконият медиҳад, ки ҳаракати масолех ва молҳо аз лаҳзаи ба муассиса ворид шудан то сарфшавиашон назорат карда, дар асоси он ҳисобот тайёр карда шавад. Бо ёрии StoreHouse ҷараёни идоракунии истеҳсолот пурра таҳти назорат гирифта мешавад.

Дар асоси маҷмӯаи StoreHouse ҷойҳои кории автоматӣ (ҶКА) барои муҳосибон, муҳосибон – нархгузорон, мудирони истеҳсолот, анборбонҳо, кормандони анбор ташкил карда мешавад. Модулҳои барномавии иловагӣ барои ҳалли вазифаҳои назорати вақти корӣ, дастрасии маҳсулоти тайёр ва ғайра пешбинӣ шудаанд. Масалан, барои таъмини назорат аз болои кормандон метавонед дар муассисаатон маҷмӯаи назорати сабтии видеоро истифода баред.

 

Ҷорӣ кардани автоматика дар тарабхона, қахвахона

Агар дар муассисаатон ба меҳмонон пешхизматон хизмат расонанд (реҷаи «тарабхонаи классикӣ»), он гоҳ камаш дар толор бояд як пойгоҳи хазинадор, қайдкунандаи хазинавӣ ва терминали пешхизмат, дар ошхона бошад-принтер барои чопи сервис - чекҳо ҷойгир кунед.

Дар ҳолати «тарабхонаи классикӣ» фармоишро пешхизмат қабул мекунад. Вай фармоишро ба маҷмӯа ё дар дастгоҳи пешхизмат ворид мекунад, ки он метавонад терминали стасионарӣ бошад ё Компютери киссагӣ. Баъди сабт шудан, фармоиш метавонад дар принтерҳои дурдасти дар шӯъбаҳои дахлдори истеҳсолот ҷойгиршуда чоп шавад. Маълумотро оиди ҳолати ҳисоб дар вақти дилхоҳ дидан ё чоп кардан мумкин аст. Ҳисоби ҷамъбастӣ, ё чиптаи хазинавӣ дар дастгоҳи хазинадор чоп карда мешавад. Дар охири рӯзи корӣ дар хазина ҳисоботи ҷамъбастӣ чоп ва рӯзи кории хазина қатъ карда мешавад.  Дар тарабхонаҳои калон шакли R-Keeper аз масоҳат ва хусусиятҳои ҷудогонаи муассиса вобастагӣ дорад. Дар толор метавонад якчанд дастгоҳҳои хазинадор, терминалҳои пешхизматон ва бар ҷойгир карда шаванд. Дар истеҳсолот сервис – принтерҳо барои чопи фармоишот ҷойгир карда мешаванд. Ба ғайр аз сервис –принтерҳо иловагӣ дар истеҳсолот видео – дисплейҳо (маҷмӯаи KDS), барои нишон додани фармоишот ҷойгир кардан мумкин аст, ки кори кормандони шӯъбаи истеҳсолотро осон мегардонанд.

Барои беҳтар кардани кори кормандон дар тарабхона мизҳои меҳмононро метавонед бо тугмачаҳои даъвати пешхизмат муҷаҳҳаз гардонед ва технологияи интиқоли маълумотҳо ба пешхизматон ба воситаи маҷмӯаи пейджингӣ истифода намоед. Ба мизоҷони доимии тарабхона метавонед кортҳои магнитӣ диҳед, ки он дар  маҷмӯаи депозитӣ –дисконтии шахсӣ барои пардохти маблағ истифода шуда, инчунин ҳуқуқи аз тахфифҳо  баҳраманд шуданро медиҳад.

Агар хохед, ки пешхизматон беҳуда ба ошхона нараванд, ба воситаи чопи штрих - кодҳо дар маркаи фармоиш, ки онро ошпаз ба воситаи сканер мефаҳмад, метавонед ин ҷараёнро осон гардонед. Баъди тайёр шудани хӯрок маълумот ба зудӣ ба терминали пешхизматон ё ба пейджерҳои онҳо мерасад, ки кори онҳоро нисбатан самаранок мегардонад. Барои идоракунандаи тарабхона ҳисобот оиди кори ошхона тартиб дода мешавад.

 

Меҳмонони зиёдро маҷмӯаи «пиво дар рӯи мизҳо». метавонад ҷалб кунад.

Инчунин барои автоматӣ кардани кори тарабхона ё қахвахона Шумо метавонед модул барои идораи марказии шабакаи тарабхонаҳо R-Keeper-HeadOffice; барномаи компютерӣ барои муассисаҳое, ки ба дастрасии маҳсулоти тайёр ба мизоҷон машғуланд (доставка), Delivery; барномаҳои компютерӣ, ки ба воситаи он кори тарабхонаро дар реҷаи «ON-LINE» назорат кардан мумкин R-Keeper Monitor ва WEB ҳисобот; маҷмӯаи худхизматрасонӣ R-Keeper Self Service; маҷмӯаи ҳисоби вақти корӣ Time-Keeper ва ғайра истифода кунед, то кори Шумо осону пурсамар гардад.

 


Add this to your website
 
Hosting: Ilimitada Hosting Chile VPS