UCS дар ҷахон

 

Ба равнақи тиҷорати худ ҳавасманд ҳастед?

Бо пешсаф хамкорӣ намоед!

 

Ширкати «UCS» (ЮСИЭС) дар соҳаи ҷорӣ кардани автоматика дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ қариб 20 сол аст, ки фаъолият менамояд.

 

Мутахасисони «UCS» барномаҳои махсусгардонидашудаи компютериро тайер намуда дар Русия ва кишварҳои хориҷа пешниҳод менамоянд, ки барои ҷорӣ кардани автоматика дар фаъолияти тарабхонаҳо, мехмонхонаҳо, кинотеатру театрҳо, аквапаркҳо, марказҳои дилхушӣ, иншоотҳои тандурустӣ, варзишӣ ва дигар муассисаҳо пешбинӣ карда шуда, кору фаъолияти кормандонро осон мегардонанд.

 

Айни замон ширкат таъмингари асосии барномаҳо ва таҷҳизотҳои комплексӣ барои мехмонхонаҳо, тарабхонаҳо, каҳвахонаҳо, фаст – фудҳо, аквапаркҳо, марказҳои дилхушӣ ва тандурустӣ, варзишӣ, театру кинотеатрҳо, толорҳои консертӣ ва ғайра мебошад.

Барномаҳои ширкати UCS дар бештар аз 26000 иншоотҳо дар мамлакатҳои Аврупо, Амрико ва Осиё истифода мешаванд ва шумораи мизоҷон рӯз аз рӯз бештар мегардад.

Дилерон ва намояндагиҳои ширкат дар 33 давлат фаъолият менамоянд.

Шумораи дилерон дар Русия зиёда аз 100 адад мебошад.

 

Ширкати мо ҳамчун тартибдиҳандаи асосӣ ва пешсафи барномаҳои компютерии соҳаи HoReCa (меҳмонхона, тарабхона, қахвахона) дар кишвари Русия ва берун аз он эътироф шудааст. Барномаҳои мо барои назорат ва баланд бардоштани фоиданокии фаъолияти соҳибкорони соҳаи хизматрасонӣ ва дилхушӣ пешбинӣ шудаанд. Сабаби муваффақиятҳои мо ҳамкории зич бо мизоҷон мебошад, ки шумораи умумиашон зиёда аз 26000 –ро ташкил мекунад.

 

Мо ба мизоҷон комплексҳои компютерии қулай ва камхарч пешниҳод менамоем, ки барои пешбарии соҳибкорӣ пешбинӣ шудаанд. Майли пурқувватшавии муассисаҳо ва равнақи лоихаи шабақавӣ, дигаргунӣ дар соҳаи қонунгузорӣ, шароитҳои рақобат аз тарафи мутахасисони мо дар вақти тарҳрезии барномаҳои компютерӣ саривақт ба назар гирифта мешаванд.

Барномаҳои мо муттасилан нав карда мешаванд ва ҷавобгӯи талаботи замона буда, ба мо ва мизоҷонамон имконият медиҳанд, ки ба фардои нек бо боварӣ нигарем. 


Add this to your website
 
Hosting: Ilimitada Hosting Chile VPS