Mobile Waiter |
Дастгоҳ ва технологияҳои мобилӣ дар ҳаёти мо мавқеи мустаҳками худро доро гаштаанд. Истифодабарии қулай, осонии дастрасӣ ба маълумот, андозаҳои начандон калон ба тачҳизотӣ мобилӣ имконият медиҳанд, ба ғайр аз истифодаи шахсӣ, боз ба сифати олоти қулай ва бовариноки корӣ дар соҳаҳои гуногун низ истифода шаванд. Пешсафи соҳаи истеҳсоли системаи автоматикунонии фаъолияти тарабхонаҳо- Ширкати ЮСИЭС аллакай солиёни зиёд таҷҳизоти мобилиро барои пешхизматон пешниҳод мекунад. Имрӯз ширкат пешниҳоди инқилобӣ аз чиҳати нарх, дастрасӣ ва истифодаи қулай, ки дар асоси таҷҳизоти инқилобии ширкати Apple - iPod touch 4G фаъолият мекунад, пешкаш менамояд. Истифодаи iPod touch 4G ҳатто ба аксарияти тарабхонаҳои хурд дастрас буда, имконияти истифодаи технологияҳои навро фароҳам меоварад. Ин технология бо барномаҳои хазинавии – R-Keeper V6 ва R-Keeper V7 мутобиқ мебошад . Дар муқоиса бо технологияи қабули фармоиши муқаррарӣ истифодаи дафтарчаи электронии пешхизмат як қатор бартариҳоро дорост: · Аз ҳисоби даст кашидан аз истифодаи дафтарчаҳои қоғазӣ миқдори амалиётҳо ҳангоми қабул ва ворид намудани фармоиш ба система кам мешавад. Истифодаи терминалҳои мобилӣ суръати хизматрасониро афзун, вақти ticket-time-ро кӯтоҳ , суръати мубодилоти мизҳо ва сифати хизматрасониро беҳтар мегардонад. · Хангоми ворид намудани фармоиш бевосита дар назди миз, хоҳиши мизоҷ саривақт муайян карда мешавад, ки ба камшавии миқдори хатогиҳо ҳангоми қабули фармоиш оварда мерасонад. · Терминалҳои мобилӣ барои тарабхонаҳое, ки имкони васли хатти ноқилии компютерӣ надоранд (вобаста ба сохти бино ё дигар сабабҳо) ё номатлуб аст (масалан, дар тарабхонаҳои мавсимӣ) ҷудо қулай мебошанд . · Терминали мобилиро муштарак бо барномаи RK-Order (менюи электронӣ) истифода бурдан мумкин аст. Пешхизмат бо истифода аз терминали мобилӣ фармоишро дар назди мизи мизоҷ қабул менамояд, бо ин суръати тез ва саҳеҳии қабули фармоиш таъмин карда мешавад. Ҳамзамон пешхизмат аз маълумотҳои оперативии системаи тарабхона истифода бурда, оиди таомҳои дар фурӯш буда ва аксияҳои амалкунанда маълумот дорад. Пешхизмат барои ба назди терминали статсионарӣ рафтан ва дар навбат истодан, аз дафтарча ба система ворид намудани фармоиш вақт сарф накарда, пурра вақташро барои хизматрасонии меҳмонон сарф мекунад!
Мувофиқи таҳлили Cornell University бештар 2 омил сабабгори норозигии меҳмонони тарабхона мебошанд: интизории дурудароз дар вақти қабули фармоиш ва пардохти маблағ. Терминали мобилии ширкати UCS роҳи ҳалли хардуи мушкилот мебошад ва меҳмононро аз интизории дилгиркунанда озод менамояд. Барои ташкили қабули фармоиш бевосита дар назди мизи меҳмон қисматҳои зерин лозиманд: дафтарчаи мобилии iPod touch 4G, терминали статсионарӣ (масалан, хазина) ва таҷҳизоти “нуқтаи дастрасӣ” дорои Wi-Fi, ки алоқаро байни терминали статсионарӣ ва дафтарчаи мобилӣ таъмин менамояд. Дар ҷои кушод масофаи фаъолияти устувори он то 500 метрро ташкил менамояд. Дар шароити дохили бино масофаи фаъолияти он аз масолеҳи сохтмонии деворҳо вобастагӣ дорад. Дар вақти баҳодиҳии устувории радиомавҷи он ба сифати намуна DECT-радиотелефони муқаррариро истифода бурдан мумкин аст. Барои таъмини фаъолияти устувор бо системаи асосӣ аз якчанд “нуқтаи дастрасӣ”, ки дар масофа аз ҳамдигар васл шудаанд, ё аз антеннаҳои нисбатан пуриқтидор, ки ба ҷои антеннаи асосӣ васл карда мешаванд, истифода бурдан мумкин аст.
Хусусиятҳои техникӣ ДИСПЛЕЙ ВА ИДОРАКУНӢ Асосӣ: 3.5, LCD, 960x640 Воридкунӣ ва навигатсия: панел бо мултитач ИНТЕРФЕЙС ВА СЛОТҲО Намудҳои бесим: Bluetooth 2.1 +EDR, Wi-Fi b/g/n Бо истифодаи сим: USB 2.0, 3.5 мм барои аудио АСОСИ БАРНОМАВӢ Системаи оператсионӣ: iOS 4 ва аз он боло ИНТЕРНЕТ ВА КОММУНИКАТСИЯ Почта ва сомонаҳо: Safari (WAP 2.0 + HTML), e-mail клиент (POP3/IMAP4/SMTP) ПРОТСЕССОР Модел: Apple A4 800 МГц ХОТИРА Хотираи оперативӣ (RAM): 256 Мб Флэш-хотира: 8192 Мб Хотираи иловагӣ: Нест ФУНКСИЯҲОИ САДОГӢ ВА ЗАНГҲО Формати зангҳо: WAV, MP3, AAC, HE AAC Стереодинамикҳо: Нест ВАҚТИ КОРӢ Дар тарзи истифодаи фаъол: то 7 соат Аккумулятор: Li-Ion АНДОЗА ВА ВАЗН Дарозӣ: 111 мм Бар: 58,9 мм Вазн: 101 г
|